18.11.2019

Ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии Миссияи байналмиллалӣ оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии Миссияи байналмиллалӣ оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат  дар Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии

Миссияи байналмиллалӣ оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат

дар Осиёи Марказӣ

ш. Бишкек, 14—16 ноябри соли 2019

ҲУҶҶАТИ НИҲОӢ

 Демократия, адолати иҷтимоӣ ва сулҳ:

дурнамои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Иштирокчиёни ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии Миссияи байналмиллалӣ оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ, ки санаҳои 14-16 ноябри соли 2019 дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ҳамчун намояндагони иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Фаронса, ШМА, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дар натиҷаи табодули ақида ва иттилоот оид ба воқеаҳои соли 2019 бавуқӯъомада зикр намуданд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъияти риояи ҳуқуқи меҳнаткашон, ки дар Эъломияи умумибашарии ҳуқуқи инсон ва конвенсияҳои асосии Ташкилоти байналмиллалии меҳнат инъикос гардидааст, мушкил боқӣ монда, меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдак, табъиз, хусусан нисбати занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳдудиятҳои гуногун дар фаъолияти иттифоқҳои касабаи мустақил ва фаъолият оид ба ҳимояи ҳуқуқи меҳнаткашон ба таври васеъ ба назар мерасад.

Силсилаи ҷазодиҳии фаъолони иттифоқҳои касабаи мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар намуди маҳдудиятҳои қонунгузорӣ ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, мудохилаи сохторҳои давлатӣ ба корҳои дохилии онҳо, таъқиби маъмурӣ ва ҷиноии роҳбарону фаъолони иттифоқҳои касаба, барҳамдиҳии иттифоқҳои касабаи мустақил давом ёфта истодааст. Тавсияҳои ТБМ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттифоқҳои касаба” иҷро нашудаанд, тағйироти воридкардашуда хусусияти рӯякӣ дошта, модели муносибатҳои меҳнатии ба ҷазо асосёфта ва маҳдудкунандаи дар асоси қонуни мазкур бамиёномада ва амалияи татбиқи қонунгузориро дар Ҷумҳурии Қазоқистон дигар намесозад.

Моҳи июли соли 2019 роҳбари иттифоқи касабаи мустақили кормандони соҳаи энергетика ва сӯзишворӣ Ерлан Балтабай дар асоси парвандаи бо сабабҳои сиёсӣ оғозгардида ба мӯҳлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар натиҷаи маъракаи байналмиллалии ҳамдилӣ моҳи августи соли ҷорӣ Ерлан Балтабай пас аз авфи Президент озод карда шуд. Аммо, моҳи октябр ӯ боз ба ҳабс гирифта шуда, такроран ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, ки ба эътирозҳои бешумори ҷомеаи байналмиллалӣ оварда расонид.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам вазъияти хавотиркунандае ба миён омада истодааст. Дар ин кишвар ба маъракаҳои васеи ҷамъиятӣ, эътирозҳои иттифоқҳои касаба, меҳнаткашон ва ҳомиёни ҳуқуқи кишвар нигоҳ накарда, Парламенти мамлакат пас аз баррасии дуюм бо аксарияти овозҳо лоиҳаи қонун “Дар бораи иттифоқҳои касаба”-ро дастгирӣ намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур барои инҳисор (монополиякунонӣ)-и фазои иттифоқи касаба шароит фароҳам оварда, ҳуқуқи коргаронро ба озодии иттиҳодияҳо ва имконияти фаъолияти иттифоқи касабаро маҳдуд месозад, инчунин барои мудохилаи мақомоти давлатӣ ба фаъолияти иттифоқи касаба имкон фароҳам меорад. Лоиҳаи қонун бар зидди манфиатҳои коргарон ва иттифоқҳои касаба буда, ба меъёрҳои заминавии байналмиллалӣ дар соҳаи меҳнат мухолифат мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад, ки иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилотҳои дар фаъолияти худ озод аз мақомоти давлатӣ ва корфармоён, барои озодона муттаҳид намудани меҳнаткашон, озодона намояндагӣ кардан ва муҳофизати манфиатҳои онҳо ба таври кофӣ фаъол нестанд. Тартиботи мушкилкардашудаи бақайдгирии иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ, тартиби маҳдудкунандаи гузаронидани аксияҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи мушкилоти марбут ба қонунгузорӣ ва татбиқи амалии қонунҳо дар кишвар мебошад.

Низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон, ки хусусияти авторитаризми куллӣ дошта, барои ҷаҳони беруна пурра пӯшида мемонад ва ҳаёти дохили кишвар таҳти назорати қатъӣ мебошад, ба пайдошавии иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори оммаи мустақил имкон намедиҳад. Бо истиқболи ба озодӣ баромадани ҳомии ҳуқуқ Гаспар Маталаев ногуфта намешавад, ки ӯ барои нашри мавод бо далелҳои истифодаи меҳнати маҷбурӣ ҳангоми ғунучини пахта мӯҳлати худро дар ҳабс пурра тамом кард. Бо вуҷуди ин меҳнати маҷбурии кормандони соҳаҳои гуногун ҳангоми ғунучини пахта ба таври васеъ ва доимӣ истифода мешавад.

Дар ҷодаи истифодаи меҳнати маҷбурӣ ҳангоми ғунучини пахта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоюли нисбатан мусбӣ ба назар мерасад. Меҳнати кӯдакон дар ин соҳа ҳамчун падидаи доимӣ барҳам дода шуда истодааст, аммо то ҳол аз он ба мисли пештара дар кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар истифода бурда мешавад, ки сабаби асосии он вазъияти қашшоқонаи пеш аз ҳама аҳолии деҳот мебошад. Меҳнати маҷбурии калонсолон инчунин дар соҳаи пахтакорӣ ва пиллапарварӣ, ки дар ин соҳаҳои иқтисодиёт фармоиши давлатӣ ба истеҳсолот татбиқ карда мешавад, то ҳол истифода мешавад. Давлат ба таври доимӣ хизматчиёни давлатиро ба иҷрои бо ном “корҳои ҷамъиятӣ”-и бемузд ҷалб мекунад. Инчунин, меҳнати маҷбурӣ ба худ шакли пинҳонӣ касб карда истодааст ва дар доираи чунин низом хизматчиёнро ба имзои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи “иштироки ихтиёрӣ дар ғунучини пахта” маҷбур мекунанд. Дар кишвар набудани ташкилотҳои мустақили меҳнаткашон як мушкилоти алоҳида мебошад. Иттифоқҳои касабаи амалкунанда аз давлат вобаста мебошанд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ бошад бо мушкилоти рад барои қайд дучор меоянд ва дар зери фишори доимӣ қарор доранд.

Иштирокчиёни Ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии Миссияи байналмиллалӣ оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ ба шахсони зерин муроҷиат намуда, аз онҳо барои дидани чораҳои поёнзикр даъват ба амал меоранд:

— Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон:

1. Фавран озод намудани Ерлан Балтабай ва қатъ намудани таъқиби ҷиноии ӯ, инчунин бекор кардани ҳама ҳукмҳои нисбати Ерлан Балтабай, Лариса Харкова, Амина Елеусинова, Нурбек Кушакбаев баровардашуда ва ҳамаи маҳдудиятҳои нисбати онҳо барои фаъолият дар соҳаи иттифоқи касаба ҷорикардашуда.

2. Бекор кардани қарор оид ба барҳамдиҳии Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Қазоқистон (КИТМҶҚ) ва сохторҳои соҳавии КИТМҶҚ ба монанди Иттифоқи касабаи кормандони комплекси энергетикиву сӯзишворӣ, Иттифоқи касабаи кормандони иҷтимоӣ ва дар хона фаъолияткунандаи “Справедливость”, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ.

3. Аз нав баррасӣ намудани парвандаҳои нисбати Роза Тулетаева ва Максат Досмагамбетов (пас аз вафот) ва дигар фаъолони эътирози осоиштаи соли 2011 дар Жанаозен баргузоршуда ва пурра барқарор кардани зарари ба онҳо расонидашуда.

4. Санҷиши пурраи тамоми шикоятҳои ирсолгардида оид ба истифодаи шиканҷа нисбати шахсони дар доираи парвандаи Жанаозен таҳти тафтиш қароргирифта ва ҷазо додани ҳамаи шахсоне, ки шиканҷаро амалӣ намудаанд, барои истифодаи яроқ фармон додаанд ва дар тирборони шаҳрвандони осоишта дар Жанаозен иштирок кардаанд.

5. Таъмини баррасии беғаразонаи парвандаи ҷиноии корманди фаъол ва ташкилкунандаи ҳаракати бекорон Ержан Елшимбаев, ки аз сабаби фаъолияти ҷамъиятии худ ба ҳабс гирифта шудааст.

6. Иҷрои тавсияҳои ТБМ оид ба воридсозии тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, ворид намудани тағйиротҳои ҳамаҷониба ва пурмазмун ба қонунгузории танзимкунандаи соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани имконият барои фаъолияти озод ва бемонеаи иттифоқҳои касабаи мустақил.

7. Ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ кардани қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар масоили таъқиб барои озодии баён, озодии иттиҳодияҳо, ташкилот, фаъолият дар соҳаи иттифоқи касаба ва ҳамоиши осоишта.

— Президент, Жогорку Кенеш (Парламент) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон:

1. Қатъ намудани ҳама гуна кӯшишҳо ҷиҳати мудохила ба фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қирғизистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусан ҳаракат оид ба ҳуқуқи инсон “Бир Дуйно”.

2. Бозхонд ва ё рад кардани қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ё аз ҷониби Президент гузоштани вето нисбати он.

— Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Содда кардан ва мантиқан дуруст ба роҳ мондани раванди бақайдгирии иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ, даст кашидан аз қабули қонунҳои якдигарро такроркунанда, ки раванди бақайдгириро мушкил мекунад. Даст кашидан аз таҷрибаи бақайдгирии чунин иттиҳодияҳо дар сатҳи як минтақа, ки имконияти дар оянда васеъ намудани фаъолияти онҳоро дар маҳалҳои берун аз минтақаи дахлдор мушкил мекунад.

2. Аз нав мавриди баррасӣ қарор додани қонунгузории танзимкунандаи баргузории аксияҳои ҷамъиятӣ, ба стандартҳои байналмиллалии ҳуқуқ ба озодии иттиҳодияҳо мутобиқ кардани он ва осон кардани тартиби баргузории аксияҳои ҷамъиятӣ.

3. Таҳияи механизми татбиқи меъёрҳои конвенсияҳои асосии ТБМ дар соҳаи озодии иттиҳодияҳо дар қонунгузории миллӣ.

— Президенти Ҷумҳурии Туркманистон:

Гузаронидани ислоҳоти низоми сиёсӣ, таъмини дастрасии васоити ахбори омма ва ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи мустақил ба кишвар, барқарор намудани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҷазо дода шудаанд.

— Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

1. Гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бо мақсади кафолати озодии иқтисодии хоҷагиҳои фермерӣ, хусусан дар ҷодаи ихтиёрдории замин, мустақилона муайян намудани намудҳои зироат барои кишт ва муайянсозии нархи фурӯши маҳсулоти парвариш ва истеҳсолшуда.

2. Ҷорӣ намудани ҷараёни осонкардашудаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ. Таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсис ва шомилшавӣ ба ташкилотҳои касбӣ аз рӯи интихоби худ.

3. Бекор кардани ҷаримаҳои маъмурӣ ва ҷазоҳои ҷиноӣ нисбати иштирокчиёни мониторинги муносибатҳои меҳнатӣ дар соҳаи пахтакорӣ аз ҳисоби мардону занон, намояндагони ҷомеаи ҳомиёни ҳуқуқ ба монанди Елена Урлаева (аз ҷониби суд корношоям эътироф гардидааст), Дмитрий Тихонов, Малоҳат Эшанқулова, Нафосат Оллашукурова, Маҳмуд Раҷабов, Давлатназар Рузметов (пас аз вафот). Додани кафолати озодӣ ва бехатарии баргаштан ба фаъолони ҷамъиятие, ки қаблан кишварро маҷбуран тарк намудаанд.

4. Оғоз намудани тафтиши озод ва ҳамаҷонибаи хабарҳо оид ба истифодаи меҳнати маҷбурӣ. Мутобиқи стандартҳои байналмиллалӣ оғози мурофиаи судии одилона нисбати мансабдороне, ки шаҳрвандонро ба ғунучини пахта ва ё дигар “корҳои ҷамъиятӣ” маҷбур мекунанд ва ё дигаронро барои ин мақсад истифода мебаранд. Баробар ба сатҳи вазнинии ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки айбдор дониста шудаанд.

Иштирокчиёни Ҳамоиши сеюми ҳамоҳангсозии Миссия вазъиятро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуда,

азми худро оид ба корҳои зерин изҳор менамоянд:     

1) давом додани кор оид ба ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти маълумот дар бораи вазъияти меҳнаткашон дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқи фаъолон аз ҳисоби кормандон ва ташкилотҳои иттифоқи касаба, мусоидат ба табодули таҷриба ва роҳандозии ҳамкории байни онҳо;

2) дифои принсипҳои мустақилияти ҳаракат дар cоҳаи иттифоқи касаба ҳамчун воситаи ягонаи имконпазии таъмини иштироки кормандон дар муносибатҳои меҳнатии демократӣ ва равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ;

3) дастгирии ташаббусҳои кормандон оид ба таъсиси ташкилотҳои шахсии онҳо, хусусан ташкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва занҳое, ки дар иқтисодиётӣ ғайрирасмӣ фаъолият доранд

ва аз сохторҳои зерин барои таъмини корҳои поёнзикр даъват ба амал меоранд:

1) ҳукуматҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ — бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттифоқҳои касабаи мустақил гузаронидани баҳодиҳии иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба риояи конвенсияҳои асосии ТБМ;

2) СММ ва ташкилотҳои байналмиллалии ба сохтори он дохилшаванда — дастгирии риояи меъёрҳои байналмиллалӣ ва ӯҳдадориҳо дар доираи конвенсияҳои тасвибгардида ва таъмини иҷрои онҳо аз ҷониби ҳукуматҳо;

3) Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он — ба роҳ мондани ҳамкории байналмиллалӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдо ва сармоягузориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти маълумот оид ба вазъият дар ҷодаи риояи ҳуқуқҳои меҳнаткашон дар кишварҳои мазкур;

4) Конфедератсияи байналмиллалии иттифоқҳои касаба (КБИК), федератсияҳои умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои байналмиллалие, ки ба соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ таъсир мерасонанд, — мусоидат ба гузаронидани форуми байналмиллалӣ оид ба озодии иттиҳодияҳо дар Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии Ташкилоти байналмиллалии меҳнат (ТБМ), дастгирии рушди Миссия оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат ва ташкилотҳои узви Миссия;

5) ҷомеаи ҳомиёни ҳуқуқ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — кӯмак дар таъсиси ташкилотҳои мустақили меҳнаткашон бо мақсади дифои дастаҷамъонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, амал кардан барои муҳофизати фаъолони ҷазододашудаи иттифоқҳои касаба, иштирок дар кори Миссия оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат (www.LabourCentralAsia.org) ва кӯмак ба он дар баргузории маъракаҳои байналмиллалии ҳамдилӣ.