31.10.2020 / Точикистон

Хуршед Давлатбеков бе пойи равону забони бурро саробони модару падари пираш аст. ВИДЕО

Хуршед Давлатбеков бе пойи равону забони бурро саробони модару падари пираш аст. ВИДЕО

Як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе пойи равону дасти гиро ва забони гӯё надорад, аммо зеҳни тезаш ӯро аз муҳтоҷӣ ва дастнигарӣ раҳондааст. Хуршед Давлатбеков мегӯяд, ҳар моҳ мунтазири 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) нафақаи маъюбӣ наменишинад, балки тиҷорати хурдеро ба роҳ мондааст.

Мақомоти Тоҷикистонро барои ҳимояти нокофӣ аз афроди имконияташон маҳдуд танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба сарнавишти маълулон бетараф нестанд.

Муштариёни дӯкони Хуршед Давлатбеков дар Душанбе асосан хонандагони мактаб ҳастанд. Ҳар рӯз, ба гуфтаи худаш, ба 50-100 сомонӣ молу маҳсулот мефурӯшад ва қисмеро барои гардиши тиҷорат ва бахши дигарро барои рӯзгор харҷ мекунад. Ба ӯ ҳамсояашон, Сайидои 17-сола, мадад мекунад.

Ӯ ягона фарзанд ва саробони падару модари пираш ҳаст. Ду бародараш дар ҷавонӣ фавтидаанд ва кумаки Хуршед Давлатбеков ба бародарзодаҳояш низ мерасад.

Шаҳримо Темурова, модари Хуршед Давлатбеков, аз рафтори писараш ифтихор мекунад ва айни замон ба хотири маълул будани ӯ пинҳонӣ ашк мерезад. Вай рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "худаш талош кард, ки ба ягон кор машғул шавад, то эҳсоси маъюбӣ накунад. Фикр намекунам, ки Хуршед маъюб аст. Одамон фикр мекунанд, дасту по надорад, аммо ақлаш аз одамони солим хуб кор мекунад. Агар як дасти солим медошт, коргари калон мешуд."

Темурова афзуд, писараш мактаб нахондааст, вале барои ӯ дар хона ҳарфу рақамҳоро омӯзондаанд. "Ҳатто зодрӯзи ҳамсари бародарашро медонад ва мегӯяд, бояд дар рӯзи таваллудаш чизе бихарем. Баъзан ба ман пул медиҳад, ки ба онҳо либоси хубе бигирам", -- афзуд ӯ.

Гузоришро дар Ютуб бинед:

Падар ҳам баъди аз даст додани ду писари солим ҳоло тамоми умедашро ба Хуршед бастааст. Ӯ мегӯяд, ҳузури Хуршед зиндагии онҳоро ранги дигар медиҳад. Тоҳирбек Давлатбеков гуфт: "Соли гузашта як нафар барои кумак омад ва як миқдор пул дод. Лекин Хуршед онро қабул накард ва гуфт, худаш кор мекунад ва ҳеч гоҳ намехоҳад, пули касеро бигирад."

Падари Хуршед мегӯяд, талоши батакрори онҳо барои бештар кардани нафақаи писари маъюбашон бенатиҷа буд, ҳарчанд ба қавли ӯ, Хуршед ба таври доимӣ дору истеъмол мекунад ва дар чанд муддат табобати пурра низ мегирад.

Атрофиён Хуршедро намоде аз шикастнопазирӣ медонанд. Ӯ дар кӯдакӣ ҳаваси тоҷир шуданро дошт. Ҳоло мехоҳад, дӯкони кӯчакаш ба мағозаи бузург табдил шавад, вале барои расидан ба он талоши дарёфти аробаи худкори маъюбиро дорад, ки вобастагияшро аз дигарон камтар кунад.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳудуди 160 ҳазор шахси дорои имкониятҳои маҳдуд ба сар мебаранд. Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегуянд, маъюбон аз имтиёзҳое, ки давлат муайян кардааст, бархурдор ҳастанд, аммо худи маъюбон имтиёзҳои пешбинишударо нокофӣ мешуморанд.



Пас аз нашри гузориш чанде аз корбарон роҳҳои тамос бо Хуршед Давлатбековро пурсидаанд. Бо ризояти ӯ шумораашро дар инҷо мегузорем: +992 555 555 864

Радиои Озодӣ